Дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”, шаҳри Остона, Қазоқистон, 17 июни 2025
Тағйирёбиҳои амиқ дар сохтори ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигаргунии харитаи геосиёсии ҷаҳон ва ташаккулёбии гурӯҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ бисёре аз давлатҳоро водор ба он сохт, ки ба ҷустуҷӯйи шаклҳои нави амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамкории иқтисодӣ машғул шаванд. Равандҳои наздикшавии давлатҳои мустақил ва муттаҳид гардидани онҳо дар ниҳодҳои асосии минтақавӣ омили асосии муносибатҳои байналмилалии муосир гардидаааст. Бинобар ин, зарурати гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи падидаи ҳамгироӣ аз нуқтаи назари воқеияти муосир ва ояндаи давлатҳо ва минтақаҳо дар фазои геосиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо мешавад.
Формати C5+1 як форуми бисёрҷониба бо мақсади густариши ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои гуногун мебошад. Дар нишастҳо дар шакли С5+1 масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, ҳифзи муҳити зист, таъмини амният ва суботи минтақа баррасӣ мешаванд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи асосии пешрафти босуръат ва босуботи иқтисодии кишварҳои минтақаро дар рушди комплекси энергетикӣ мебинанд. Таъкид менамоянд, ки “Ҳаминро ҳам нодида гирифтан мумкин нест, ки проблемаи истењсолу истифодаи энергия дар давоми солҳои наздиктарин ба проблемаи асоситарини иқтисодию иҷтимоӣ, геостратегӣ, аз ҷумла геосиёсӣ, табдил хоҳад ёфт”
Мақоми афзалиятноки ҶМЧ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози Истиқлоли сиёсии кишвар сарчашма мегирад. Беҳуда нест, ки аввалин сафари расмии хориҷии Сарвари давлати тоҷикон низ маҳз ба ин кишвар дар таърихи 9 – 11 марти соли 1993 сурат гирифтааст. Ин мақом дар тамоми изҳороти расмӣ, баромаду Паёмҳои Президенти Ҷуимҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои муайянкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ва тасдиқ гаштаанд. Новобаста аз эъломи сиёсати “дарҳои кушода” ва хислати бисёрсамтӣ гирифтани сиёсати хориҷӣ, мақоми ҶМЧ авлавиятнок боқӣ мемонад, ки бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Инчунин, заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд”.
Ин аст, ки ҶМЧ яке аз аввалин шуда Истиқлоли сиёсии кишварҳои минтақаро эътироф карда, бо онҳо муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. Боиси таъкид аст, ки тақвияти ҳузури ҶМЧ дар минтақа бинобар зиёд гаштани таъсири қудратҳои ғарбӣ, боло рафтани аҳаммияти минтақа, қиммати арзиши маводи сӯхт ва афзоиши иқтидори иқтисодии худи кишвар аз оғози ҳазораи нав вусъат гирифт.
Консепсияи “Як камарбанд – як роҳ” – ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъ ҶМЧ), ба такмили роҳҳои мавҷуда ва бунёди масирҳои нави тиҷоратӣ, нақлиётӣ, инчунин долонҳои иқтисодӣ равона шудааст, ки зиёда аз 60 кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро пайваста ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни онҳо ва ҶМЧ мусоидат хоҳад кард. Моҳиятан ин ташаббус бунёди модели нави ҳамкории байналмилалиро бо роҳи таҳкими механизмҳои мавҷуда, инчунин ҷустуҷу ва роҳандозии механизмҳои нави ҳамкорӣ бо ҳадафи ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳоро дар қаринаи ташаббуси мазкур ифода менамояд.
Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим бунёди се долонҳои иқтисодиро пешбинӣ менамояд:
– Чин – Осиёи Марказӣ – Россия – Аврупо;
– Чин – Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ – Халиҷи Форс ва Баҳри Миёназамин;
– Чин – Осиёи Ҷанубу Шарқӣ – Осиёи Ҷанубӣ – уқёнуси Ҳинд.
Аз ҷониби дигар, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” — ин имконияти ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ-боркашонӣ аз ҳисоби маблағҳои чинӣ, тақвияти транзити тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкории истеҳсолӣ ва гардиши тиҷоратӣ бо ҶМЧ мебошанд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин барои нигоҳ доштани мақоми мавҷуда тамоми чораҳоро меандешад, ки аз ҷумла дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (минбаъд СҲШ) амалӣ мегарданд. ҶМЧ дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона мавқеъҳои пешсафро ишғол менамояд. Гардиши солонаи тиҷоратӣ байни ҶМЧ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар зарфи 34 соли ҳамкорӣ зиёда аз 500 млн доллар то 30 млрд доллар афзоиш ёфт. Нишондоди баландтарин соли 2013 ба қайд гирифта шуданд, ки 50 млрд. долларро ташкил дода, ҶМЧ – ро дар Осиёи Марказӣ ба сифати сармоягузор, қарздиҳанда ва шарики тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.
Тавсеаи низоми байналмилалии долонҳои нақлиётию иртиботӣ барои таъмини дастёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳимтарин масирҳои ҳамлу нақл ва бозорҳои бузурги ҷаҳон, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва фановариҳои пешрафта ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқтар шудани робитаҳо бо ҶМЧ, ба маънои бархурдорӣ аз пуштибонии шарики боэътимоди иқтисодӣ дар муносибатҳои байналмилалии муосир ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад, ки дар шароити бештар ниёз доштани кишвари мо ба маблағҳои бузург барои расидан ба амнияти энергетикӣ, инчунин барои тавсеаи пойдори иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нуктаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶМЧ дар оянда низ ба густариши ҳамкориҳои стратегии худ идома хоҳанд дод.
Ҳамин тариқ, тағйирёбии сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ нисбат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои зерин инъикос меёбад:
1. Равандҳои тиҷоратию сиёсии иқтисодиёти ҷаҳон наметавонанд ба равандҳои ҳамгироӣ бетаъсир бимонанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ чун қолаби ҳамгироӣ дорои низом ва ташкилотҳои зарурӣ мебошад. Минтақа ҳамчунин дорои ҳувияти ба худ хос мебошад. Дараҷаи хеле баланди номуайянӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳо, рақобати лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ба ихтилоф байни ниҳодҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳои самаранок дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ таъсир мерасонад;
2. Таъсиси бозори ягонаи энергетикӣ ва шабакаи долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ;
3. Мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа тавассути барномаҳои “баровардан” – и иштирокчиёни сусттараққикарда ба сатҳи миёна;
4. Ба танзим даровардани қонунгузории амалкунанда дар соҳаи пулию молӣ;
5. Ба таври васеъ татбиқ намудани барномаҳои ҳамкории илмию техникӣ ва маданӣ;
6. Таъсиси мақомот оид ба муқовимат ба таҳдидҳои ғайрианъанавии амният, аз ҷумла, мубориза бо чолишҳои нав – терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динию мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ – низ ҳамкориҳои созандаи минтақавиро тақозо менамояд.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих