Skip to main content

Имрӯз, 14 май дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

Дар кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбул оғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок доранд.

Ба кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобасти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».

Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва баргузор намудани ин форуми сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори дигар барои мустаҳкам гардидани ҳамокориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ замина мегузорад.

Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.

Таъкид гардид, ки ба масъалаи густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки илмӣ чораҳои заруррӣ меандешанд.

Ёдовар мешавем, ки Форумҳои зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар он натоиҷи соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон тавсияҳо таҳия карда мешаванд.

Қобили зикри хос аст, ки форумҳо аз соли 2006 инҷониб дар кишварҳои мухталиф бо навбат баргузор мешаванд. Тоҷикистон бори дуввум аст, ки мизбони ин ҳамоиш аст.

Мавзӯи Форуми XVIII-и имрӯза «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» мебошад, ки намояндагони ҷомеаҳои касбӣ: ходимони фарҳанг, маориф ва ВАО-ро муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар ҳошияи Форум имсол бори аввал мулоқоти раҳбарони Академияҳои миллии улуми кишварҳои муштаракулманофеъ ва раҳбарони ҷомеаи илмӣ баргузор мешавад.

Инчунин, Форуми мазкур бо маросими бошукӯҳ супоридани ҷоизаҳо ба барандагони Ҷоизаи асосии байнидавлатии ИДМ «Ситораҳои Иттиҳод», ки барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф дода мешавад, ба анҷом мерасад. Ҳамзамон дар ҳошияи ин форум барандагони ҷоизаи ҷавонони ИДМ «Иттиҳоди дебютҳо» низ ҷоизаҳои худро мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи фарҳангии Форум оркестри симфонии ҷавонони ИДМ баромад мекунад. Таъсиси оркестр яке аз лоиҳаҳои муҳими MFGS мебошад. Ба он навозандагони ҷавони мамлакатҳои иттиҳод, ғолибони конкурсҳои бонуфузи мусиқӣ дохиланд. Имсол оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод раҳбарӣ мекунад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 14- уми май оғоз ёфта то санаи 15- уми май идома меёбад.