15 январи соли равон дар ҳошияи баргузории Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноии дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидризо Солеҳ Амирӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нав илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳқиқоти илмӣ бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир изҳори назар карда шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки мо дар оянда бояд дар масъалаҳои ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшем.
“Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”.
Имрӯз (12.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд. Қайд гардид, ки Институти забон ва адабиёт яке аз ниҳодҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пешрафт ва муаррифии илми тоҷик нақши барҷаста дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи шогирдону унвонҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раҳнамоӣ намуд.
Зимни суханронӣ омӯзиш ва бардошти олимони ҷавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, пажӯҳиши мероси хаттиву шифоҳии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. “Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”-таъкид кард дар фарҷоми вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х.
Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар оғози конференсия Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.
Дар бахши аввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.
Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.
Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.
Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
