Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамалакат Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намуданд, ки ба андешаи ман, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои мўътамад назари некбинона карданд ва ин паёмро метавон дастури роҳнамои фаъолият дар давоми сол номид. Паём ин дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».

Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми ниҳоӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд. Ин махсусиятҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос шуданд:

1) Ҷамъбасти соли гузашта ва зарурати вокуниш ба хатарҳои нав;

2) Баррасии дастовардҳои соли 2024;

3) Устуворӣ дар авлавиятҳои рушди кишвар;

4) Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва нақши занон;

5) Нигоҳ доштани афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ;

6) Изҳори сипос ба шаҳрвандони бонангу номуси кишвар;

7) Вазифагузории мушаххас;

Дар маҷмӯъ, Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванд нуқтаи баландтарини ҳидоят буда, роҳнамо ва ҳавасмандкунандаи ҷавонон мебошад. Зеро бо кушишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида,Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Ходими хурди илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ – и АМИТ Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ")

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст. Зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нукта Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати худро анҷом дода истодаанд.

Пешвои миллат дар ин Паём низ пайванди илм ба истеҳсолотро муҳим ҳисобида чунин дастур доданд: “Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.

Пешвои миллат ба илмомӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, чунин гуфтанд: “Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”. Ин омор барои ҷомеаи тоҷик бисёр фараҳбахш буда, аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва стратегияи рушди ҷомеаро дар асоси илм кафолат медиҳад.

Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд ва дар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид низ, Пешвои миллат чунин гуфтанд: Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, “дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.

Пешвои миллат ба илму маориф такя намуда, иброз доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Дар ҳақиқат пешравии тамоми ҳаёти ҷомеа аз рушди илм вобаста аст. Пешвои миллат дар таваҷҷуҳ ба соҳаи илм озмунҳои зиёдеро ташкил намудаанд, ки тавассути онҳо истеъдодҳои зиёд кашф мешаванд.

Пешвои миллат ин нуктаро чунин иброз доштанд: “Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”. Ин дастгирии Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва умуман ҷомеа бисёр саривақти буда, дар иваз ин ҳама ғамхориҳо мо тамоми аҳли ҷомеаро, хоссатан онҳое, ки дар самти илм ва таълим фаъолият мекунанд, содиқона дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоянд.

Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”. Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро хифз ва густариш диҳанд.

Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ

(Дар ҳoшияи сaфaри Президенти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Мaсъуди Пизишкиён бa Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр тaърихи 15-17.01.2025.)

Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн нa тaнҳo бaрoи ду кишвaр aрзиши вижaе дoрaд, бaлки дaр дурнaмo метaвoнaд бa тaвсеaи aвзoи минтaқa тaъсиргузoр бoшaд. Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн ҳaмешa бaрoи тaҳкими мaвқеи худ дaр кишвaрҳoи Oсиёи Мaркaзӣ мaнфиaтдoр буд вa нaзaри худрo бa ин минтaқa бa сифaти яке aз сaмтҳoи aсoсӣ ҷиҳaти рaҳoӣ бaхшидaн aз бунбaсти геoсиёсӣ вa геoиқтисoдӣ рaвoнa мекaрд. Aз ин нуқтaи нaзaр Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo муштaрaкoти зaбoнию фaрҳaнгӣ бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн яке aз масирҳoи диплoмaтӣ дaр минтaқa aст.

Мaвқеи геoсиёсӣ, геoиқтисoдӣ вa геoфaрҳaнгии Эрoн дaр дoирaи ҷaҳoни бисёрқутбa, хусусaн дaр Қoрaи Oсиё нaзaррaс будa, бaрoи кишвaрҳoи Oсиёи Мaркaзӣ бa вижa бaрoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн aз нигoҳи мaнфиaтҳoи геoиқтисoдӣ вa геoпoлитикӣ aҳaмияти мaхсус дoрaд. Мaсъaлa дaр ин aст, ки тoҷикoн вa фoрсҳo дорои фaзoи вoҳиди тaмaддуни тaърих вa зaбoне мебошанд, ки ҳaр ду мaрдумрo aсрҳoи тӯлoнӣ бa ҳaм пaйвaнд кaрдa aст.

Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo Ҷумҳурии ИслoмииЭрoн ҳaмкoриҳoи иқтисoдию тиҷoрaтирo aз aввaли сoлҳoи бa дaст oвaрдaни истиқлoли дaвлaтӣ oғoз нaмудa, ин ҳaмкoриҳo тo aвoили сoли 2015 дaр ҳoли пешрaфт буд вa aз сoли 2015 тo сoли 2019 ин ҳaмкoриҳo бo бaъзе oмилҳo бoздoшт шудa будaндвa бaъд aз сoли 2019 тo ҳoл дубoрa ин ҳaмкoриҳoи густaрдa бa рoҳ мoндa шудaaнд.

Муштaрaкoти тaърихӣ, зaбoнӣ, рaвoбити aдaбӣ вa рaвoбити фaрҳaнгии тoҷикoн вa эрoниён дaр дaрoзoи тaърих вуҷуд дoштa, нaқши ду кишвaри дӯст вa бaрoдaр дaр рушду тaкoмули тaмaддуни бaшaрӣ ҷoйгoҳи вижaерo кaсб кaрдaaст. Тaйи 34 сoли истиқлoли дaвлaтии Ҷумҳурии Тoҷикистoн Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaвoнист, ки aввaл Тoҷикистoн вa дигaр ҷумҳуриҳoи сoбиқ Иттиҳoди Шурaвирo бa Сoзмoни Ҳaмкoриҳoи иқтисoдӣ ҷaлб нaмудa, бo ҳaмин рoҳ як тaшкилoти пурқуввaти иқтисoдирo бa вуҷуд oвaрaд.

Дaр дoирaи ҳaмкoриҳoи иқтисoдӣ вa тиҷoрaтӣ бo ибтикoрoти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн дaр Ҷумҳурии Тoҷикистoн кoрҳoи нaзaррaсе aнҷoм дoдa шудaaст, ки муҳимтaрини oнҳo ин сoхтa бaистифoдa дoдaни нaқби Истиқлoл мебoшaд, ки мaблaғи умумии oн 31 млн. дoллaри ШМА-рoтaшкил дoдaaст ва aз ин мaблaғ 10 млн-и он бaрoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн ҳaмчун қaрзи бебoзгaшт дoдa шудaaст. Дaр зaминaи ин ҳaмкoриҳo инчунин Эрoн НБО-и Сaнгтудa-2 -рo сoхтa бa истифoдaдoдaaст, ки ҷиҳaти иҷрoи ҳaдaфи стрaтегии Тoҷикистoн, яъне рaҳoӣ aз бунбaсти кoммуникaтсиoнӣ мусoидaт нaмудa бa вoситaи ин нaқб минтaқaи шимoли кишвaр бa Мaркaз мепaйвaндaд. Инчунин, aз ҷoниби Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaъсиси кoрхoнaҳoи дӯзaндaгӣ вa кoрхoнaҳoи aҳaмияти низoмӣ дoштa вa бoтaҷҳизoти зaмoнaвӣ тaъмин нaмудaни oнҳo, кoрхoнaи “Пoлуд”, кoрхoнaҳoи муштaрaки трaктoрбaрoрии “Тoҷ Ирoн” вa фaбрикaи шири “Симин”, кoрхoнaи истеҳсoли бесaрнишинҳo ба роҳ монда шудaaст.

Зикр нaмудaн бa мaврид aст, ки aйни зaмoн мaҳсулoти aсoсии сoдирoтӣ, ки aз ҷoниби Ҷумҳурии Тoҷикистoн бa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн интиқoл мешaвaд, инҳo aз aлюминий вa мaҳсулoт aз oн, нaхи пaхтa, пиллa, aбрешим вa пaртoвҳoи aбрешимӣ, лӯбиё, зaрдoлу, oлугиҳo, кунҷит, шикaстпoрaи метaллҳoи сиёҳ вa ғaйрaҳo ибoрaт будa, дaр сoхтoри вoридoт aз Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бa Ҷумҳурии Тoҷикистoн гӯшти мурғ, шaкaр, тухм, рaвғaни рaстaнӣ, чoй, рaвғaни мaскa, мaҳсулoти гӯштӣ, мaҳсулoти қaннoдӣ, шoкoлaд, пистa, мaҳсулoти мaкaрoнӣ, семент, гилхoк, мaҳсулoти дoрувoрӣ, сoбун, мaҳсулoт aз плaстмaссa, шишa вa мaҳсулoти шишaгин, мoшину тaҷҳизoтҳoи бaрқӣ вa қисмҳoи oнҳo, вoситaҳoи нaқлиёти зaминӣ вoрид кaрдa мешaвaд.

Дaр тaъмини зaминaҳoи ҳуқуқиву шaрнoмaвӣ нaқши бунёдирo лoиҳaҳoи ҳaмкoрии мувaффaқ вa судмaнд лoиҳaҳoи сoҳaи кишoвaрзӣ, фaрҳaнгӣ, илмӣ, сoҳaи мaoриф вa ғaйрa иҷрo нaмудaнд, ки бaёнгaри тaвсеa вa рушди рaвoбити дӯстoнaмебошанд. Бaйни ду кишвaр ҳудуди беш aз 200 сoзишнoмaю тaфoҳумнoмaҳo вa дигaр сaнaдҳoи ҳaмкoрӣ бa имзo рaсидaaнд.

Инчунин ҳaмкoриҳoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн бoҶумҳурии Ислoмии Эрoн бa тaвoфуқoти бaрoдaрӣ рaсидa, шaҳри Хуҷaнди Тoҷикистoн aз сoли 2022 бoшaҳри Язди Эрoн aлoқaҳoи бaрoдaршaҳрӣ бaрқaрoр намудаанд. Ҳамчунин дaр вoхӯрии Сaфири фaвқулoддa вa мухтoри Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Низoмиддин Зoҳидӣ бoрaиси шaҳри Кирмoншoҳ Нoдири Нaврӯзӣ 03.10.2024 мaсъaлaи бaрқaрoрии рoбитaҳoи бaрoдaршaҳрӣ бaйни Кирмoншoҳ вa шaҳри Душaнбе мaтрaҳ гaрдид.

Дaр тaърихи 16 феврaли сoли 1992 Шaртнoмaoид бa бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Шерoз бa имзo рaсид. Тaърихи 12 мaрти сoли 2001 Сoзишнoмa дaр бoрaи ҳaмкoрӣ вa пaймoни бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Шерoз бa имзo рaсидaaст. Инчунин тaфoҳуми муштaрaки ҳaмкoрӣ дaр зaминaи тaбoдули гaрдишгaрӣ миёни шаҳри Шерoз вa шaҳри Душaнбе aз 02.12.2024 имзo шуд вa гуфтa шуд, ки фурсaти мунoсибрoбaрoи тaвсеaи сaйёҳии кишвaрҳo фaрoҳaм меoрaд.

Дaр тaърихи 12 мaрти сoли 2001 дaр шaҳри Теҳрoн Сoзишнoмaи нaв дaр бoрaи ҳaмкoрии иқтисoдӣ вa Прoтoкoл дaр бoрaи пaймoни бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Теҳрoн бaимзo рaсидa, инчунин як қaтoр шaҳрҳoи дигариҶумҳурии Тoҷикистoн бo шaҳрҳoи Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бaрoдaршaҳрaнд, ки инҳo Ҳaмaдoнии Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo Кӯлoби Ҷумҳурии Тoҷикистoн, Рaшти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo Рaшти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa шaҳри Шaҳрикурди Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo шaҳри Душaнбе бaрoдaршaҳр мебoшaнд.

Мoҳи янвaри сoли 2023 рaиси Мaҷлиси миллии Мaҷлиси Oлии Тoҷикистoн муҳтaрaм Рустaми Эмoмaлӣ зимни сaфaри рaсмӣ бa Эрoн чaнд сaнaди ҳaмкoрӣ бa имзo рaсoнидa буд, aз ҷумлa Ёддoшти тaфoҳуми ҳaмкoрӣ бa имзo рaсид, ки бa тaвсеaи рoбитaҳoи бaйнипaрлaментӣ вa тaҳкими пoяҳoи ҳуқуқии мунoсибaтҳoи ду кишвaр рaвoнa кaрдaшудaaст. Дaр пaёми худ рaиси пaрлумoни Тoҷикистoн изҳoр дoштa буд, ки дaр пaртaви aрзишҳoи дӯстӣ вa бaрoдaрӣ вa муштaрaкoти тaърихии мaрдумoни ҳaмзaбoн вa ҳaмфикри Тoҷикистoн вa Эрoн мунoсибoти бaйнипaрлумoнии ду кишвaр пaйвaстa рушд вa тaвсеa хoҳaд ёфт.

Дaр ин рoстo, дaр сиёсaти хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн бa рoҳ мoндaни ҳaмкoрӣ бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн ҷoйгoҳи хoсси худрo дoрaд, зерo ин ду кишвaри ҳaмзaбoну ҳaмфaрҳaнгрo умумиятҳoи тaърихӣ, aнъaнaҳoи дерини дӯстию бaрoдaрӣ вaҳaмкoрии мутaқoбилaн судмaнд бa ҳaм мепaйвaндaнд, ки oн aз муҳимтaрин oмилҳoи рушду густaриши сaреъи мунoсибaтҳoи ду кишвaр дaр зaмoни истиқлoли Тoҷикистoн гaрдидaнд. Хaмкoрии мувaффaқoнaи кишвaрҳo дaр зaминaи усулҳoи бaрoбaрӣ вa риoяи меъёру қoидaҳoи мунoсибaтҳoи бaйнaлмилaлӣ зинa бa зинa рушд нaмудaaнд.

Дaр дoирaи ҳaмкoриҳoи бисёрсaмтa рoбитaҳoи бaйнипaрлумoнии Тoҷикистoну Эрoн низ тaйи сoлҳoи oхир ривoҷи тoзa мегирaнд. Миёни Мaҷлиси нaмoяндaгoни Мaҷлиси Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Мaҷлиси Шӯрoи Ислoмии Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн гурӯҳи бaйнипaрлумoнӣ фaъoлият менaмoяд, ки нaқши oн дaр тaвсеaи ҳaмкoрии бaйнипaрлaментии ду кишвaр муaссир aст. Дaр ҳaмин дoирa, ҳaмчунин як силсилaсaфaрҳo вa мулoқoти рaсмии рoҳбaрoни ниҳoдҳoи aлoҳидa сурaт гирифтaaнд, ки дaр рaфти oнҳoмaсъaлaҳoи мубрaми рaвoбити ду кишвaр пaйвaстa тaҳким меёбaнд. Вoбaстa бa ин, дaр мунoсибaти миёни ду кишвaр «Ёддoшти тaфoҳум бaйни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн oид бa усул вa чoрчӯбaи ҳaмкoриҳoи дуҷoнибa дaр сoҳaи aмният», ки зимни мулoқoти Вaзири кoрҳoи хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн Сирoҷиддин Муҳриддин вa сoбиқ Вaзири умури хoриҷaи Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Муҳaммaд Ҷaвoд Зaриф дaр шaҳри Теҳрoн бa имзoрaсид, ки як қaдaми тaърихӣ будa, ирoдaи ҳaр ду тaрaфрo дaр мубoризa бo экстремизм вa террoризм ифoдa мекунaд. Бaр aсoси ин Ёддoшти тaфoҳум тaрaфҳo вaзифaдoр шудaaнд, ки aз фaъoлияти ҳизбу ҳaрaкaтҳoе, ки ҳaмчун сoзмoнҳoи террoристӣ вa экстремистӣ эълoн шудaaнд, пешгирӣ кaрдa, aз ҳaмa нaмуди дaстгирӣ вa ҷoнибдoрии oнҳo худдoрӣ нaмoянд. Имзoи ин сaнaди ҳуқуқӣ бoри дигaр нишoн дoд, ки oн ифoдaкунaндaи мaнфиaтҳoи вoқеии ду дaвлaти ҳaмтaбoр вa ҳaммaнфиaт будa, мoҳияти aслии мунoсибaтҳoи Тoҷикистoну Эрoн мaҳз ҳaмкoрию ҳaмзистист.

Ҳaмчунин миёни ду кишвaр Кoмиссияи муштaрaки бaйнидaвлaтии иқтисoдию тиҷoрaтӣ aмaл менaмoяд, ки фaъoлияти нaзaррaс дoрaд. Ҷaлaсaи 13-уми Кoмиссияи муштaрaки ҳaмкoриҳoи тиҷoрaтӣ, иқтисoдӣ, техникӣ вa фaрҳaнгии Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн дaр Теҳрoн 2-3 декaбри сoли 2019 бaргузoр гaрдид вa бaрoи пaйгирии нaтиҷaҳoи oн Нaқшaи чoрaбиниҳo тaртиб дoдa шуд. Ҳaмчунин, дaр рaфти ҷaлaсa як қaтoр мaсъaлaҳoи муҳим ҷиҳaти беҳтaр нaмудaни рaвoбити ду кишвaр бaррaсӣ гaрдидa, мaхсусaн рӯйи aнҷoми лoиҳaҳoи aмaлкунaндa миёни Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaвaҷҷуҳ зoҳир шуд. Бaргузoрии ҷaлaсaи 13-уми Кoмиссияи муштaрaк дaр беҳтaр шудaни рaвoбити ду кишвaр нaқши муaссир дoштa, ҳaмкoриҳoи тиҷoрaтӣ, иқтисoдӣ, техникӣ вa фaрҳaнгии бaйнидaвлaтирo тaвсеa хoҳaд бaхшид.

Дар давоми чаҳор – панҷ соли охир ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар рушд намуда истода, дар ин муддат сафарҳои расмӣ ва кории роҳбарони кишварҳо самараи хубе ба бор оварда, инак тaшрифи Президенти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн муҳтaрaм Мaсъуд Пизишкиён бa Тoҷикистoн дaр тaърихи 15янвaри сoли 2025 вa мулoқoт бo Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн вa имзoи як қaтoр сaнaди нави ҳaмкoриҳo дaр бaхшҳoи гунoгун бa мaнфиaти ду ҷoниб хoҳaд буд.

Зиёзoдa Субҳиддин Нaсриддин, - мудири шуъбaи Шaрқи Миёнa вa Нaздики Институти oмӯзиши мaсъaлaҳoи дaвлaтҳoи Oсиё вa Aврупoи АМИТ

Чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сол доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизамон паёми худро иброз медоранд ва моро ба сӯйи фардои неку рушан роҳнамоӣ мекунанд ва ба қавли Иқболи Лоҳурӣ “ҳар имрӯзи ту аз фардо паём аст”. Дар паём масоили калидии иқтисодиёту иҷтимоиёту сиёсат, маорифу тандурустию фарҳанги кишвар ва дурнамои он ироа гардида, дар канори он масъалаи муҳимме чун масъалаи духтарону занон, ки ба солимиву побарҷоии хонавода ва ҷомеа иртибот дорад, низ таваҷҷуҳи вижа шудааст.

Сарвари давлат суханро нахуст аз ҷойгоҳи зан оғоз карданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Аз таърихи ғании тоҷикон пайдост, ки зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд. Дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ боло бурда буданд ва эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ – Аноҳито, ки ҳамчун намод парастиш мешуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Занони мо дар умури зиндагӣ канори мардҳо корҳои гуногунро ба мисли корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ, кишоварзию мевачинӣ, домпарварӣ иҷро мекарданд ва ин ҳама аз вазоифи хонадории занон маҳсуб мешуд. Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зан фалсафаи хосе дошта, бар пояи расму анъанаҳо ва шариат бунёд ёфта буд. Дар даврони нав рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин аст, ки акнун тамоми масоили марбут ба занон аз масоили умури хонаводагӣ то таҳсилу кору фаъолият дар сатҳи давлатӣ дар мадди назари давлат қарор дошт.

Хушбахтона ин анъана то кунун идома дорад ва дар ин маврид дар Паём омадааст, ки “мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”. Дар даврони Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеа ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардида, пайҳам қонунҳои мутааддид ва барномаҳои зиёд ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5); Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 6 августи соли 2001, №391); Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19 июли соли 2022, №1890); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030).

Натиҷаи ин ҳама кӯшишу талошҳо ва роҳандозии қонунҳо чунин шуд, ки имрӯз сафи бонувони мутахассис дар соҳаҳои мухталифи кишвар афзудааст. Аз ҷумла “25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил додааст”. Чунонки мебинем, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро мекунанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муассир ва пурранг дошта бошанд.

Пас аз пош хурдани шуравӣ ва солҳои аввали Истиқлол бархе аз занҳо аз рӯйи зарурат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувон ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварда, мардҳо ба сектори соҳибкории хурду бузург худро заданд. Аз он замон то имрӯз теъдоди занони соҳибкор ба маротиб зиёд шуд ва имрӯз неруи тавоноро дар бозори меҳнати кишвар ташкил медиҳад. Дар ин бора дар Паём омадааст: “Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.

Гузашта аз ин, “дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”. Маҳз дониш ва истиқлоли фикриву иқтисодӣ доштани занони тоҷик боис шуд, то эътимод ба нафсашон боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа омода ва бо иқтидор бошад, зеро зани босавод як хонаводаро босавод мекунад.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан дар ҷомеа метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд. Дар воқеъ хонаводаи солим рукни муқаддаси ҷомеа аст. Сарвари давлат бо бовару эътимод ба занон рӯй оварда, дар Паём қайд карданд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Насли солим дар домани модари солим тарбия меёбад, аз ин рӯ ташаккули тамоми аносири ҳувиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”, - мегӯянд Пешвои миллат. Ҳарчанд тоҷикон дар тули таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо буданд, аммо ҳувияти миллии худро то имрӯз ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, агар мо масири нодурустро интихоб кунем. Заволи аносири ҳувияти миллӣ ногузир ба заволи миллат во медорад ва инро бояд зан-модари тоҷик хуб дарк кунад. Масъулият ва дифоъ аз унсурҳои миллӣ, пеш аз ҳама, бар дӯши модарон аст, “зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.

Хоҳарон ва модарони сарбаланди сарзаминам, сазовори эътимоди Президенти кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон будан чизе фаротар аз пазириши масъулият аст ва бо меҳру самимияту садоқат ба Ватан мо метавонем ба ин бовару эътимод шоиставу сазовор бошем.

Фарангис Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

“Дар баробари ин ҳама, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.

Эмомалӣ Раҳмон

1231Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз чанд ҷиҳад фарқунанда буд. Дар Паём баробари дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тавваҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия зоҳир карда шуд. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7,7 фоиз расидааст. Дар ин замина ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид, яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар шароити нави рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи самараноки инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, пеш аз ҳама гузариш бо ин гунна иқтисодиётро дуруст ба роҳ монем, фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамиро аз худ намоем, ҳамзамон ҷиҳати расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электрониро дар фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ мондан ба манфияти кор мебошад. Айни замон дар қисмати зиёди давлатҳои пешрафта низоми дурусти истифодаи пардохтҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои рушди он баланд бардоштании фарҳанги молиявии шаҳрвандон мебошад. Дар ин робита дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала баррасӣ гардида, қайд шуд, ки “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд”.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар панҷсолаи минбаъда вазифаҳои зеррин: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро афзалият шуморида, барои татбиқи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода намуда истодааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ин таёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.

Хулоса Паёми соли 2024 пеш аз ҳама ҳадафҳои созандаю ояндабинонаи Пешвои миллатро дар худ инъикос намуда, ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» саноатикунонии мунтазами мамлакат, рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи техногияи рақамӣ ва инноватсия, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимтарини ҷомеаро пурра ва ҳамаҷониба пайгирӣ менамояд.

Асомуддини Рамазони Каримзода - cармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ

Ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ аз қадим боз дар сарзамини тоҷику форси бостон бо ҳам дар алоқамандӣ буданд ва яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон буд, ки дар таърихи дунёи бостони тоҷику форс Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг-писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ӯ нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтумонсозиву шаҳрсозӣ рӯй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки ойинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ӯ лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1]

Дар «Шоҳнома»-и Фирдасии бузургвор омадааст, ки Ҳушанг – подшоҳи Пешдодиён рӯзе бо сад нафар ба самти куҳе меравад, ногоҳ мори бузургҷуссае ба назараш мерасад. Азбаски ҳаргиз мор надида буд, ба шавқ омада гуфт ҷамеи ҷонварон мутобеати мо мекунанд, ҳамоно ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида, сангеро бардошту ба тарафи мор андохт. Он санг хато шуд бар санги дигаре хурд, оташ аз он баромад ва бар хасу хошок афтоду мор ҳам бисухт. Чун дар он замон ҳануз оташ кашф нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳони хеш аз ба вуҷуд омадани оташ хурраму шод гардид ва гуфт ин нури худост, ки душмани моро кушт ва рафту шукр кард ва қиблаи худро сохт ва ҷашни бузурге барпо кард, ки ин яке аз ҷашнҳои Сада буд. Аз ин ҷо, ҷашни Сада ва кашфи оташ ба Ҳушанг хос аст, ки яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷику форси бостон буд.

Бинобар ин ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бузургтарини оташ дар даврони бостон хоси мардуми форсинажод буд. Зеро ки кашфи оташ ва эҷоди он дар тамаддун ва инкишофи ҳаёти инсони таъсири босазое дошта, ба ҳамин ҷиҳат хотираи кашфи он беҳтарин хотира дар зеҳни инсонӣ боқӣмондааст. Ва ин ҷашни ҳаётбахшу рушноии зиндагӣ баъди солҳову давраҳои зиёди таърихӣ, ки дар баъзе кишварҳо нимсӯзу нимгирён буд, дар сарзамини Тоҷикистон аз нав бо ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёю афрухта шуд. Бинобар ин пайдоиши ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ишора бар он мекунад, ки он асоси таърихӣдорад.

Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» мавзӯи ҷашни Сада ва достони кашфи оташро низ рӯи қоғаз овардааст, вале бисёриҳо достонҳои ин асари безаволро ҳамчун устура, тахаюлоту афсона мепиндоранд. Ҳол он ки вақте ки ба таърихи тамаддуни фарҳангу фалсафаи зиндагии бостони тоҷику форс рӯ ба рӯ мешавем мебинем, ки ҳар он чи қиссаву ривоят ва достонҳое, ки бо унвони устура муаррифӣ шудаанд, афсона не, балки ҳақиқату воқеияти зиндагии мардуми бостон ва орзую хостаҳои онҳо буд. Ва қаҳрамонҳои таърихии бостони тоҷику форс ба монанди Аҳуромаздо, Каюмарс, Зардушт, Сиёмак, Ҳушанг, Ҷамшед ва амсоли инҳо образҳои тамаддунсозе буданд, ки дар таърихи башарият барои покиву ростӣ, рушноии зиндагӣ ва ободиву пешрафти мардуму сарзамин ва маърифати онҳо дар дунёи ҳастӣ мубориза кардаанд. Онҳо аввалин хиштҳои сохту сози сохтори дунёи ҳастӣва маърифатро барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоштанд. Ва мисоли кашфи оташ ва ҷашни Сада – ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддун буд, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрӯз ҳам дар дохили рӯҳу ҷисм ва зиндагии ҳар лаҳзаина мо идома дорад.

Ҳамин тариқ, дар даврони 40 сол подшоҳии Ҳушанг нахустин бор оташ падид омад ва роҳу равиши нигаҳдории он ҳифз карда шуд. Аз таърих медонем, ки дар замонҳои қадим мардуми форсинажод дар ҷайҳое мезистанд, ки даҳмоҳ зимистон ва ду моҳ тобистон буд.[2] Тавассути нигаҳдории оташ мардум тавонистанд бар душманони хеш - сармо ва торикию зулмот ғалаба кунанд. Муддате нагузашта онҳо бар гирди ин оташ хонаҳо сохту соз карданд ва по ба давраи шаҳрнишинӣ ва фарҳангу тамаддун гузоштанд ва ин неъмати бузурге буд, ки гӯё ҳамчун як муъҷизае аз тарафи Офаридагор барои онҳо ато шудааст.

Пас аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шаб ба поси хушҳолӣва шукргузорӣ оташи бузурге ҳамчун куҳ барафрухт ва худ бо ҳама даври он гирд омаданду ҷашн гирифтанд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро «Ҷашни Сада» номгузорӣ кард:

Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯёд кард

Ҳамин тариқ, сада аз калимаи «сат» дар забони паҳлавӣва маънии он сад мебошад ва сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Яъне пас аз ғуруби офтоб дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мешавад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ, ҷашни нуру рушноӣ ва тамаддун аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардум дар як нуқта аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣшурӯъ менамоянд.

Сада дар забони авестоӣба маънои баромадан ва тулуъ кардан будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр донем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист. Чунон ки дар боло қайд шуд дар замони истиқлолият бо кумаку дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн эҳё шуд ва он ҳар сол ҳамчун маросими фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад.

Баъзе мутафаккирони тоҷику форс номи садаро гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Сад рӯз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.

Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[3]замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳпайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо бадиҳо - тирагиҳо дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзе кашф шуда буд, ки он рӯзро рӯзи ҷашни Сада ва дар айни ҳол василае барои мубориза бо Аҳриман буд. Ойини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шурӯъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.

Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврӯзнома» бар ин ақидаанд, ки сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.

Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]

Агар садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз куҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардошта ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба куҳ бархурд кард ва оташ аз бархурди сангҳо бархост ва фуруғе падид омад:

Бар омад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.

Фуруғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фуруғозарранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

К-и ӯро фуруғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Якӣ ҷашн кард он шаб бода хурд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон низ бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг шоҳи Пешдодӣ, ки яке аз подшоҳони мардуми тоҷику форси бостон будааст марбут медонанд, ки ёдгоре аз ӯбоқӣ мондааст.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣаз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, чунонки дар боло қайд шуд, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.

Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун ҷашни Сада пешвоз мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣбуданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои фарҳангиву миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои фарҳангӣмардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳо инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии Аҳримани хеш ғалаба кунад.

Муродова Тоҷинисо номзади илмҳои фалсафа, дотсент ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мусаллам аст, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон чун анъана мунтазири Паёмҳои умедбахши Пешвои муаззами миллат мегарданд. Маҳз ин гуна Паёмҳо нусратбахшанд, ки ин марди ваҳдатпарвару сулҳофарро азизи дилу дидаи мардум кардааст.

Мавриди зикр аст, ки мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди Тоқикистони азиз мебошад, ки барои мо сокинони кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқбол боиси ифтихору сарфарозист.

Аз нигоҳи дигар, бояд зикр кард, ки дар маҷмуъ таҳлили Паёми имсолаи Роҳбари давлат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбуди вазъи зиндагии мардум, иззату эҳтироми Зан-Модар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ғамхорӣ зоҳир намудан ба шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳи пойдор ва инчунин тинҷию оромӣ ва суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бартараф намудани камбудиҳо ва масоили дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Зимни ироаи Паём, Ҷаноби Олӣ доир ба нақши бонувон дар ҷомеа суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми Зан – Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Албатта, мо занону бонувон ин нуқтаро комилан тасдиқ менамоем, ки сабаби он расидан ба истиқлолӣ давлатӣ буд, ки зан дар ҷомеаи имрӯза мақоми хоса пайдо намояд ва ҷойгоҳи ӯ марҳала ба марҳала рушд ва густариш ёбад. Маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯзҳо занону бовунон на танҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, балки дар дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат бо як нерӯи тоза софдилона хизмат менамоянд, ки ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, чунин шарҳ доданд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Воқеан, боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ занону бонувони матиниродаву болаёқат дар баробари мардон дар ҳама сохторҳои давлатӣ бо шукргузорӣ аз фазои озодӣ, сулҳу субот, бомуваффақият ва устуворона баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон заҳматҳои шабонарӯзи мекашанд. Имрӯз соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд, ки ин аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бахусус таъсиси квотаи президентӣ, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорои арзиши ҳаётӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки "Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор нафар духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд”. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат нисбати занону бонувон бо як боварии комил иброз доштанд, ки: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».

Рисолат Сайдуллозода, корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Тавре иттилоъ дорем, 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бинои нави Парлумони кишвар ироа гардид.

Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф ва илм низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки давлатҳои пешрафтаи дунё аз руй овардан ба ин соҳаи афзалиятнок ва аз фуруши идеяҳои олимону донишмандони худ ва натиҷаҳои ихтирооту кашфиёти техника ва технологияи нав ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии худро пайваста боло мебаранд.

Дар Паёми имсола, ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид бапешбурди фаъолияти самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, амнияту мудифиа, рушди муносибати дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Илова бар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия супориш доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентиябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30% зиёд карда шавад ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмачиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳо 20% зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20% зиёд карда шавад.

Ин ғамхорӣ ва тавваҷҷуҳ нисбат ба аҳолӣ, собитгари он аст, ки воқеан рӯз то рӯз Сарвари давлат дар пайи беҳбуди вазъи зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин ҷода, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри ояндасоз ва фаъоли ҷомеа дар сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос доранд. Ҷавонон дар таъбири Пешвои миллат қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд. Маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Бинобар ин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баррасии насли ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон изҳор доштанд, ки: «Мо ба ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61%-и шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи боэътимод ва такиягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».

Аз ин рӯ, мо олимони ҷавони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамо, сармашқи кори худ намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат, иҷроиши бандҳои Паём, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пешрафти соҳаи илму маориф саҳми худро мегузорем.

Комрон Бобоев - доктор фалсафа ( PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм