Перейти к основному содержанию

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» маҷмуаи илмӣ ба табъ расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат мебошад. Он таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуа масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.

Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон Хуттал дар заминаи мафҳуми континуитет ҳамчун раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил карда шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттали Қадим ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.