Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 5 май ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода, як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати пос доштани хотири неки ин шахсияти барҷаста ба оромгоҳи ӯ сафар намуда, гулчанбар гузоштанд.

Дар ҷараёни ин маросим олимону муҳаққиқон бо эҳсоси амиқи эҳтирому қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти фарҳангу маънавиёти ҷомеа ёдовар шуда, инчунин аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд.

Таъкид гардид, ки осори гаронмоя ва фаъолияти пурсамари ин шахсияти барҷаста то имрӯз барои наслҳои гуногун манбаи илҳом ва ибрат боқӣ монда, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Бояд гуфт, ки мероси адабии ӯ бо фарогирии ғояҳои баландмазмуни инсонпарварӣ, сулҳдӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, дар шаклгирии ҷаҳонбинии солими ҷомеа ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Мероси ғании адабӣ ва фаъолияти ҷамъиятии ӯ имрӯз низ мавриди омӯзиш ва таҳқиқи олимону муҳаққиқон қарор дошта, аҳамияти худро гум накардааст.

Гуфта шуд, ки ашъори пурмуҳтавои ӯ саршор аз муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва садоқат ба арзишҳои умумибашарист, имрӯз низ барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳамчунин, фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатии ӯ ҳамчун намунаи ибрат барои хизмат ба ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ҳидоят менамояд.