Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 6 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид Қабл аз оғози барномаи идона аз номи роҳбарияти Академия ба зиёда аз дусад нафар бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ гулҳои баҳории идона тақдим гардид. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба нақши занон дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҷомеа маҳсуб мегардад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.

Таъкид гардид, ки Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон ва ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён, навозиши гарму самимӣ ва дуоҳои неки ӯст, ки моро ба оламу одам ошно месозад, роҳи зиндагиро равшан мекунад ва ба қалбамон нуру умед мебахшад. Модар бо сабру таҳаммул, бо меҳру вафо ва бо садоқати беназир фарзанди худро ба камол мерасонад ва барои саодати ӯ тамоми ҳастии худро нисор месозад.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманди маъруф Кароматулло Олимов дар суханронии худ доир ба мақому манзалати зан-модар дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои маънавии тоҷикон ҳамеша ба зан-модар эҳтироми хосса зоҳир мегардид. Ба гуфтаи ӯ, модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки тарбиятгари аввалини инсон, нигаҳбони арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва поягузори маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар чорабинӣ устодони шинохта — Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон ва Қурбонова Ширин, ҳамзамон магистрантону докторантон бо суханрониҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво доир ба бузургӣ, мақом ва азамати зан-модар баромад намуданд. Дар шеърҳои қироатгардида модар ҳамчун рамзи муҳаббати бекарон, сарчашмаи меҳру шафқат ва поягузори маънавии зиндагӣ васф гардида, эҳсоси гарму самимии иштирокдоронро ба вуҷуд овард.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.