Ҳамватанони азиз! Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз мо дар остонаи яке аз муҳимтарин идҳои кишвар-Иди касбии муҳофизони далери Ватан-33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон баҳри мусоидат дар ҳифзи амнияту осоиштагии кишвари азизамон муваффақиятҳо ва дар тарбияи содиқонаю ватандӯстонаи ҷавонон баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ-хизмат ба Ватан-Модар комёбиҳои беназир таманно дорем. Маҳз, афсарони шуҷою далери Артиши миллии кишвар ҳастанд, ки дар ҳимояи амнияту оромии давлат ва якпорчагии кишвари соҳибистиқлолии мо тавассути матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ, саъю талошҳои зиёд менамоянд.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шӯравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шӯравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.
Бояд зикр кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкилиАртиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Зикр кардан зарур, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои ҷуғрофию сиёсии минтақа имрӯз тақозо менамояд, то аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандони онро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҷашни садоқат ва ифтихори ватандорӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!








