Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 19 феврал президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон аз сохтмони бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дидан намуданд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи иқдомҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Академия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, айни замон сохтмони чандин иншооти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷараён дорад.

Гуфта шуд, ки бинои Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ дар масоҳати 384 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншоот бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шуда, барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар самти энергетикаи гидрогенӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ихтирооту навовариҳо ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани бино дар дохили он 6 озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.