Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Сада табрику таҳният мегӯям. Ҷашни Сада бо таърихи куҳан ва суннатҳои бойи худ на танҳо рамзи офтоб ва гармӣ, балки таҷассумгари меҳнат, ҳисси худшиносӣ ва эҳтироми суннатҳои ниёгон мебошад.
Воқеан ҳам ҷашни Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд. Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз ҷониби шоҳ Ҳушанг дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма ифода шуда, баъдан Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва хеле хуб аст, ки чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешавад. Имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва ориёитаборон - курдҳо, паштунҳо, балучҳо ва дигар мардумони ориёитабор кору зиндагӣ мекунанд, Сада бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар тарабхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ баргузор менамоянд. Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун, шукӯҳи бостонии он ба таври рӯзафзун боло меравад. Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд. Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархурдор буданд, ҳунарнамоӣ мекарданд.
Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, ҷашни Сада аз зумраи унсурҳои фарҳанги ғании аҷдоди мо ба шумор меравад, ки хусусияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ дошта, ҳамчунин инсонро ба ҳамгироӣ ва меҳнату талош даъват менамояд. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ойину томулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд».
Маҳз ҳамин хусусиятҳои ба ҷомеа созгори суннатҳои фарҳанги тоҷикон аст, ки новобаста аз равандҳои пуртазоди таърихӣ онҳо аксаран то имрӯз боқӣ мондаанд. Ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани чунин унсурҳои фарҳанги ғановатманди миллат моро зарур аст, ки ҳамеша онҳоро ҳифз намоем ва дар пайи боз ҳам устувор намудани мақоми иҷтимоии онҳо бошем.
Тавре ки, Пешвои миллат таъкид менамоянд:”-ҳар як фарди Ватан – аз хурд то бузург – бояд аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омузад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд”. Бо ин суханони нек ҳар яки Шуморо бори дигар бо Ҷашни Сада табрику таҳният гуфта, барои шумо ва хонаводаҳоятон саломатӣ, фаъолияту эҷоди бобарор, хушиву хушнудии ҳамарузаро таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак бошад!








