Перейти к основному содержанию

6 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир гардид, ки дар он ҳисоботи фаъолияти илмию таҳқиқотии Шуъбаи ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ барои соли 2025 баррасӣ шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарият, академикон, роҳбарони муассисаҳои таҳқиқотӣ, кормандони илмӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм баромад намуда, вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ, ба мисли таърих, забоншиносӣ, адабиёт, ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод, фарҳангшиносӣ ва соҳаҳои дигар, маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки дар давоми соли 2025 як қатор лоиҳаҳои муҳимми илмӣ амалӣ гардида, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои дохилӣ ва хориҷӣ нашр шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият ёфтанд. Ҳамзамон, омӯзиши масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва таҳия намудани пешниҳодҳои илмӣ барои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври пайваста идома ёфт.

Дар баробари ин, ба як қатор мушкилот низ ишора карда шуд, аз ҷумла зарурати тақвияти базаи моддию техникӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм, баланд бардоштани сатҳи нашриёти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ.

Дар қисмати дуюми ҷаласа вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок барои соли 2026 муайян гардида, зарурати боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқотҳо, таъмини татбиқнопазирии натиҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таҳияи барномаҳои нави илмӣ таъкид шуд.

Дар анҷом ба воҳидҳои сохторӣ тавсия дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ саъю талошҳои худро боз ҳам бештар намоянд.