Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 баргузор гардид ва дар он масъалагузорию арзёбии самтҳои рушди фарҳанги миллӣ ва заминаи таҳким намудани давлатдории тоҷикон дар солҳои минбаъда ироа карда шуд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Барои боз ҳам балан бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеъа дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаанд, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи фарҳанги миллӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода дода шуд ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардаанд.

Барои боз ҳам устувор гардонидани заминаи илмии фарҳангии ҷомеъа давра ба давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Чунки асарҳои зикр гардида ҳамчун мероси таърихиву фарҳангӣ ва шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии тоҷикон ,аз ҷумла Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, силсилаи ҳамоишҳоро зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) баён намуда, боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Пешниҳод карда шуд, ки азбаски тоҷикон дорои фарҳанги ғанӣ ва соҳибтамаддун мебошанд, бояд Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Аз ҷумла Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми таърихии мусиқишинос Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Саҳми фарҳангиии Борбад дар ҷодаи мусиқии Шарқ, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Пас мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд.

Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.

Ҳамин тариқ, фарҳанги оламшумули тоҷикон моро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карданд, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Зеро фарҳанги миллӣ заминаи устувори давлатдории тоҷикон буда, мо бояд асарҳои худро ба нақши фарҳанги қадимаи худ ва тамаддуни ориёӣ будани худро ҳифз намуда ба ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ намоем.

Воҳидова Санавбарбону, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор