Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илми кишвар!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо тандурустӣ, бахту иқболи нек, фаъолияти пурсамари илмӣ ва пешрафт дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ орзумандам.
Лозим ба ёдоварист, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони давлати соҳибихтиёр санаи 6-уми ноябри соли 1994 санади тақдирсози худ - Конститутсияи Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.
Инак, 31 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар муайян намуда, самтҳои муҳимми ҳамаи соҳаҳои зиндагиашонро пеш мебаранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваст, аз ҷумлаи дастоварди бузурги миллати тоҷик ба шумор меравад. Конститутсия тавонист дар рушду инкишофи ҷомеа, пешрафти соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти мамлакат нақши арзишманд дошта бошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қабули Конститутсия ба давраи ниҳоят мураккаби таърих, авҷи даргириҳои сиёсӣ, доман паҳн кардани беқонуниву беҳокимиятӣ рост меояд. Заминаи асосиро дар қабули Конститутсия баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Интихоби роҳбарияти нави мамлакат дар ин иҷлосия барои ҳалли масъалаи муҳимтарин, яъне таҳия ва қабули Конститутсия иродаи уавиро ба миён овард.
Бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян кард. Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Ҳамдиёрони азиз, донишмандони арҷманд!
Барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси миллат дорои донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ бошад ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Маҳз дар ҳамон маврид мо метавонем ин озодиву оромӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ки Конститутсия кафолат додааст, ҳифз намоем, ки агар худ дорои донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ бошем.
Дар заминаи Конститутсия дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувори босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, эътимоди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид.
Мо итминони комил дорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мусоидат дар рушди ҳама самтҳои ҷомеа ба рушду такомули илми кишвар ва заминаи мустаҳкам гузоштан барои таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамчунин вусъат бахшидан ба таҳияи асарҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд гардидани нуфузи олимон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки Шумо, аҳли илму маърифат, бо заҳмати содиқона ва тадқиқоти илмии созандаатон ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани нуфузи илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи шоиста мегузоред.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Шумо ва аҳли оилаатон сулҳу оромӣ, саодати хонаводагӣ, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои нав таманно дорам.

