Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо навтарин таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои инноватсионӣ, рӯйдодҳои илмӣ, тарҷума ва таҳқиқоти суннатӣ ва муосири олимони тоҷик шинос гардиданд. Ба меҳмонон равандҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои тиб, фармакология, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, тибби мардумӣ ва соҳаҳои дигари марбут ба мактаби илмии Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.
Ҷузъи муҳимми ин намоиш пешниҳоди намунаҳо аз осори нодири Ибни Сино буд, ки дар онҳо мероси илмии ӯ дар самтҳои тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия ва риёзӣ инъикос ёфтааст. Олимон дастнависҳои нодир, нусхаҳои китобҳои таърихӣ ва таҳқиқоти арзишмандро оид ба «Қонуни тиб», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» ва дигар асарҳои маъруфи Ҳаким муаррифӣ карданд. Иштирокчиён аз шарҳу тавзеҳоти мутахассисон дар бораи арзиши илмии донишҳои ибнисиношиносӣ ва нақши он дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ баҳраманд шуданд.
Меҳмонон ба фаъолияти олимони тоҷик дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ, таҳия ва нашри илмии осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва таблиғи мероси гаронбаҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни марказҳои илмии кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
