Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Бояд гуфт, ки глобализатсия ҳамчун раванди муҳиму объективии умумиҷаҳонӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои таърихи муосири башариро ташкил менамояд. Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик Ҳайдаров Р.Ҷ. “раванди ҷаҳонишавӣ кулли соҳаҳои фаъолияти инсоният – фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт, экология, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайраро фаро гирифт; он бо ҳар ҳол самти нави тараққиёти ҷаҳонро мунаввар намуда, тамоюли марказии инкишофро тағйир дод”[3].
Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат таъсир мерасонад, балки таъсири он ба ҳамаи башарият ва олам мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд.
Экстремизм (лот. extremus- охирин, канора) - фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ моҷароҷӯӣ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла зиддиятҳои байналмилалӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки
масъалаҳоро ҳал менамояд.
Дар низоми навини олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтаринро экстремизм ташкил медиҳад. Он дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои мухталифро касб менамояд. Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини он - терроризм мақоми хоса пайдо намуда, ақлу ҳуши бисёре аз ходимони давлатию ҷамъиятиро ба худ кашидааст.
Терроризм (лот. terror- тарс) - шакли канораи экстремизми сиёсӣ ва зӯроварии системанок аз ҷониби неруҳои сиёсӣ дар нисбати субъектҳои дигари сиёсӣ ва идоракунӣ. Дар cиёсат дар лаҳзаҳои бештар зиддиятнок ва муборизаи шадид истифода мешавад ва барои ин ё он таркибот ё ҳаракати сиёсӣ хатарнок аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Масалан, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, нафарони зиёд маъюб бисёре аз оилаҳо бе сарпаноҳ монда мушкилиҳои зиёдеро ба сари инсоният ба бор овард. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон–Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” қайд карданд, ки ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад[4]. Вобаста ба ин, дарк бояд кард, ки танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад.
Ҳамчунин, барои таъмин намудани ҳифзи сарҳад, сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо ҳамкории воқеиву шаффоф дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зарур ва ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дар маҷмуъ экстремизмро вобаста ба шакли зуҳур ба чанд навъ ҷудо менамоянд: сиёсӣ, динӣ, динӣ-сиёсӣ, миллатгароӣ ва ғ. Экстремизми сиёсӣ бо хусусиятҳои минтақавӣ ва глобалӣ доштанаш фарқ менамояд, ки дар навбати худ мубориза бо ин зуҳурот бояд дар сатҳи минтақаҳои алоҳида ва ҷаҳон сурат гирад. Ин идеологияи даҳшатборест, ки тамоми намудҳои дигари хушунату куштор, ғорату аз худ намудани молу мулки мардум ва паҳн кардани ғояҳои бардуруғи зиддиятнокро дарбар мегирад. Дар баробари ин, экстремизми сиёсӣ боз намудҳои дигаре дорад, ки идеяҳои милатгароиро дастгирӣ намуда, ба намояндгони дигар халқияту миллат ва қавму гурӯҳхои этникӣ муносибатӣ ғайриинсониро раво медонад[1].
Экстремизми сиёсӣ сарчашмаи идеологии терроризми сиёсӣ буда, дар аксар ҳолатҳо ифодагари дар амал татбиқ намудани амалҳои террористӣ мебошад. Онҳо бо ҳамдигар алоқамандии сабабияту натиҷавӣ дошта, таҳлилу таҳқиқи онҳо дар алоҳидагӣ комил буда наметавонад. Худи мафҳуми «экстремизми сиёсӣ» назар ба ҳамаи намудҳои дигари ҷараёнҳои даҳшатангезу номатлуби ҷомеа васетар буда, дар самтҳои сиёсӣ муқобили институтҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва барои расидан ба ҳадафҳи нопок истифода бурда мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини пешгири намудани терроризм ин мубориза алайҳи экстремизм дар ҳама гуна шаклу намуд, ҳамчун идеяи асосии терроризм мебошад. Барои муқовимат намудан ба экстремизми сиёсӣ муборизаро муқобили андешаҳои ғалатӣ динию экстремистӣ, миллатгароию радикалӣ террористию идеологӣ бояд дар ҳама самтҳои ҳаёт пурзӯр намуд. Дар кишварҳои тозаистиқлол дар самти сохтори давлатӣ ва муносибатҳои байниэтникӣ коркарди масъалаи ҷаҳонбинӣ дунявӣ имрӯз бояд муҳимияти хосса дошта бошад. Экстремизми сиёсӣ бояд ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа шинохта шавад ва муборизаи мақсаднок муқобили он сурат бигирад.
Бояд қайд кард, экстремизми сиёсӣ, ки аз ҷиҳати характери фаъолият глобалӣ аст, пас мубориза бо он низ бояд дар сатҳи глобалӣ сурат гирад. Аз ин лиҳоз дар Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, ки «Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм мубориза баранда, ҳамкорӣ менамояд.
Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарии СААД, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ИДМ давом дода истодааст. Ҳамаи ин созмонҳоро вазифаҳои умумӣ, аз қабили мубориза ба муқобили экстремизми сиёсӣ, таҳдиди васеъшавии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар умум бояд аксарияти созмонҳои дохилию байналмилалиро муттаҳид намоянд.
Терроризми сиёсиро дар бештари ҳолатҳо хатарноктарин шакли терроризм- шарҳу баён медиҳанд. Аммо, террор дар кадом шаклу намуде, ки набошад, хоҳ дар амалҳои террористии ақсуламал, хоҳ дар методҳои ваҳшатноки зуроварӣ барои ба сари ҳокимият омадан ва ё гузаронидани амалиётҳои ифротгароёнаи динию этникӣ барои барқарор намудани «адолати иҷтимоӣ», ҳамеша падидаи номатлуб ва ғайри қобили қабул аст.
Рушди бемайлони илму технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ба миён омадани инқилобҳои технологӣ бевосита ба раванди ҳимояи манфиатҳои миллӣ таъсири амиқ мерасонанд[2]. Аммо дар зери таъсири ин гуна дигаргуниҳое, ки инъикосгари афзалияти як давлат нисбат ба дигар мебошанд, хусусиятҳои таҳдиду хатарҳои экстремизми сиёсӣ низ тағйир меёбанд. Аз ин рӯ, дар шароити муосир яке аз роҳҳои беҳтари шинохти экстремизми сиёсӣ ва дигар таҳдидҳо муайян намудани афзалияту иқтидори онҳо мебошад. Чунин омӯзиш имкон медиҳад, ки таҳдидҳои пуриқтидор ва камиқтидорро муайян намоем. Зеро, ки ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои ба худ хос доранд. Аз ин рӯ, ҳамеша заруррияте пеш меояд, ки таҳдидҳои пуриқтидорро бояд муайян карда тавонем ва дар муқобили онҳо аксуламал дошта бошем. Барои мисол агар экстремизми сиёсию терроризм ва хариду фуруши яроқу аслиҳа ва одамрабоиро ҳамчун таҳдидҳои пуриқтидор ба ҳисоб гирему кибертерроризму паҳн намудани яроқи ҳастаиро аз мадди назар дур созем, пас мо бо масъала ва бозиҳои нави сиёсӣ рӯ ба рӯ мегардем, ки барои муайян намудани хатарҳои нави ҷаҳонӣ мушкили эҷод менамоянд. Зеро дар шароити муосир ҳеҷ як кишвар дар танҳоӣ наметавонад хавфу хатарҳои замони муосирро аз бай барад. Ҳамин тариқ, таҳдидҳо дар ҳама гуна шароит ва ҳолат ҳамчун зуҳурроти манфӣ муаррифӣ гардида, имконияти расонидани таъсири манфӣ, таҳрибкорӣ, вайронсозии системаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа хусусиятҳои муҳимми онҳоро ташкил медиҳанд.
Бояд қайд намуд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм қарор дорад. Хар сол даҳҳо конференсияву нишастҳои бузурги кишварҳои гуногуни минтақа ва дунё дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки барои ҳаллу фасли таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ заминаи босазо мегузоранд. Махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Душанбе баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» буд, ки моҳи майи соли 2019 доир шуд. Дар ин ҳамоиши бузург зиёда аз якуним ҳазор меҳмонон, олимон ва пажӯҳигарони кишварҳои ҷаҳон ширкат варзиданд.
Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ муҳофизат намоем ва баҳри тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлоли давлат, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва баланд бардоштани арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон кушишҳо ба харҷ диҳем.
Қодирова Зулайхо, ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Руйхати адабиёти истифодашуда
1.Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди III. Душанбе: «Андалеб-Р, 2015. С.481»
2.Муҳаммад А.Н. Раҷабов С.А. Қудусов Х.С. Кибертерроризм-таҳдид ба суботи ҷомеа(таҷрибаи Тоҷикистон).- Душанбе. -2019.- С .23-26.
3.Хайдаров Р.Дж. Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества: дис....док.филос.наук 09.00.11/Р.Дж. Хайдаров .-Душанбе,2007.- С.244
4.Суханрони дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” http://prezident.tj/node/29326 18.10.2022. [Санаи дархост:05.05.2025].
5.Экстремизм: понятие, виды.http://www.csgped.ru/protivodejstvie/ekstremistskaja-dejatelnost/ ekstremizm - ponjatie-vidy.htm. [Санаи дархост:05.05.2025].