Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.12.2025)

Ироаи Паём аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар матни он ибрози самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ, нишон аз соҳибистиқлолии кишвар ва ифодагари унсурҳои давлатдории демократию ҳуқуқбунёдӣ маҳсуб меёбад. Зикр намудан лозим аст, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар аз рӯйи мазмуну мундариҷа ва гузориши вазифаву хусусиятҳояшон дарбаргирандаи масъалаҳои муҳим, ҳалталаб ва рӯзмарраи ҷомеаи мо мебошанд.

21Зикр намудан лозим аст, ки дар Паёми имсолаашон Сарвари давлат дар баробари масоили мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҷанбаҳои худшиносӣ ва ҳифзи асолати таърихию арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, ду пешниҳоди муҳим ва ниҳоят мубрам барои равандҳои фарҳангиву маънавии ҷомеаи имрӯзаи моро баён намуданд. Пешниҳоди эшон дар ин самт ин таъсиси Конуни Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мебошад, ки пеш аз ҳама дар равандҳои пуртаззоди замони ҷаҳонишавӣ он барои ҳифзи асолати миллӣ ва мустаҳкам намудани хотираи таърихии мардумамон равона шудааст.

Дар баробари соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон кардан, Сарвари давлат зикр намуданд, ки «дар тамоми таърих тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем». Бо пешниҳоди бунёди ин марказҳо изҳор намуданд, ки «итминон дорам, амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».

Воқеан, таъсиси марказҳои номбурда дар шароити имрӯзаи рақобати шадиди кишварҳову халқиятҳои мухталиф бар сари мероси гузаштаи маданияти моддиву маънавӣ, ки дар аксар вақт бегонагон фарҳанги моро соҳибӣ карданӣ мешаванд, имкон медиҳад, то мо ҳаққу ҳуқуқи худро ба ин сарвати азими гузаштаамон бештар донем ва дар хотираи таърихии миллиямон онҳоро мустаҳкам нигоҳ дорем. Барои мисол расму ойинҳои Наврӯзӣ, ки бо тамоми тору пудашон бо фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо пайвандӣ доранд ва ифодагари рӯҳияи миллии мо мебошанд. Вале мутаассифона, сари баррасӣ ва дарки лозимаи онҳо ҳанӯз дар сатҳи тафаккури ҷамъиятии мо, яъне тафаккури диниву эътиқодӣ ва дидгоҳҳои миллиямон нофаҳмиҳое вуҷуд доранд. Ин мушкилотро Сарвари давлат дар Паёмашон зикр намуда, барҳақ қайд карданд, ки ойинҳои Наврӯзӣ ба ягон дину мазҳаб вобаста набуда, дар онҳо мавқеи марказиро робитаи инсон бо табиат ва кайҳон ва арзишҳои башарии ӯ ташкил медиҳад.

Воқеан, таҳлилҳо ва таҳқиқотҳои гуногуни илмӣ собит месозанд, ки Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашну идҳои мардумони эронитабор ва аз он ҷумла тоҷикон ба шумор рафта, ҳомили ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робитаи инсон бо муҳити атроф мебошад. Он мансуби ақидаи ягон дину мазҳаби муайян набуда, балки пеш аз ҳама фалсафаи робитаи инсон бо табиат, ба коинот ва олами атрофро дар бар мегирад. Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои маънавию моддии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо аз унсурҳои гуногуни арзишӣ ба мисли ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, адабиёт, дин, зебоишиносӣ, худшиносӣ ва ғайраҳо ташаккул ёфта, фақат дар якҷоягӣ умумияти томро ба вуҷуд овардаву аввал барои миллат ва баъд барои ҳамаи башарият аҳамият пайдо кардаанд. Онҳо ифодагари рӯҳияи миллат буда, симо ва намоди ӯро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳуввияти ӯро ҳифз менамоянд. Аз ҳам ҷудо ва як унсури ин томиятро, аз он ҷумла унсури диниро аз болои дигар арзишҳо чун унсури мутлақ ва ё меъёри таъйинкунанда қарор додан иштибоҳи ҷиддӣ буда, зинаи аввали тундравӣ ва ба таври умум вайронсозии томияти ин сарватҳо ва арзишҳо мебошад.

Матаассифона, дар байни иддае аз ҳамватанон ва ҳаммилатони хориҷии мо раванди мутлақгардонии дидгоҳҳои мазҳабӣ ва ҳукмравоӣ кардани онҳо ба ҳама сарватҳо ба назар мерасад, ки ин аввал дар ҷудо сохтани арзишҳо ба милливу динӣ зоҳир мешавад. Дар ин самт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо перомуни таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ баҳсу мунозираҳои ноҷое ҷараён мегирад. Гарчи дар аксари онҳо таҳлилҳо ва баррасиҳои мунсифона ҷой дошта, умуман аз ҳам ҷудо сохтани арзишҳои милливу аҷдодӣ бо дидгоҳҳои динии ҷомеа қобили қабул эътироф нашаванд ҳам, вале дар иддае аз онҳо тундаравиву ба ифрот рӯй овардан ба чашм мерасад. Ин падида мардум ва махсусан ҷавононро дар бардошти фарҳанг ва дину ойинашон аввал ба шубҳа ва баъд ба сӯи тундгароӣ раҳнамун месозад. Махсусан, барои замони муосир, ки он асри муколама ва ҳамзистии андешаву ғояҳои мухталиф буда, раванди ҷаҳонишавӣ ҳалқаҳои осебзада ва ноустувори фарҳангҳои милливу диниро аз ҳам мебарад, чунин муносибати густохона нисбат ба арзишҳои милливу таърихӣ пайомади фоҷеабореро барои ҷомеаи мо ба бор хоҳад дошт.

Дар шабакаҳои интернетӣ ва гоҳо дар васоити ахбори омма низ атрофи ҷашни Наврӯз баҳсҳои шаддид ва зидду нақизе сурат мегирифтанд, ки аз заъфи ҳам тафаккури миллӣ ва ҳам тафаккури динии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар аксари ин баҳсҳо масъалаи ба таълимоти исломӣ мувофиқ будан ё набудани Наврӯзро мегузоранд, ки дар асл мушкилоти онро бо фарҳанги сомӣ дар назар доранд. Ҳол он ки ин масъала кайҳо дар фарҳанги гузаштаи ҳам дунявӣ ва ҳам динии мо ҳаллу фасл шудаву Наврӯз як ҷузъи муҳими ин фарҳанг пазируфта шудааст. Вале чун сатҳи маърифат ва дараҷаи худшиносии имрӯзаи иддае шаҳрвандони мо кӯтаҳӣ мекунад, боз ба ин масъалаҳои пуч ва пурихтилофи маънавӣ ва моҷароангез дода мешаванд. Бубинед, барои як нафар намояндаи миллати дигар, монанди арманиҳо, русҳо ва ё шаҳрвандони Туркиё, гарчи шахсони мазҳабӣ ҳам бошад, чунин масъалагузории зиддиятнок ва таноқузангез бо арзишҳои миллӣ ва мазҳабияш пеш аз ҳама ғайриқобили қабул ва хандаовар менамояд. Барои арманиҳо, ки епархияи григориании ойини насронӣ дини расмияшон мебошад, ҳамзамон барояшон он симои миллӣ дошта, ҳаргиз аз матни арзишҳо ва ниёзҳои миллаташон онро ҷудо накардаанд, ё онро бо аносири таърихиву миллияшон зид нагузоштаанд. Гарчи арманиҳо ҳам миллати ғайрисомӣ мебошанд, вале ҳеҷ нафаре, хоҳ аз доираҳои мазҳабӣ ва хрҳ ғайримазҳабӣ чунин масъалагузорӣ накардааст, ки ин ё он арзише то кадом дараҷа ба насронияти аввал ва ё ба доираи «аҳли китоб» мансуб аст ва ё на, махсусан модоме он масъала сирф эътиқодӣ нест. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо ба парешониҳо ва озахмҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳам ҳастии динӣ ва ҳам ҳастии миллии худро нигоҳ доштаанд ва имрӯз қавме муташаккил ва басич мебошанд. Ойини православии рус низ дар шаклгирии тафаккури миллии русҳо ва арзишҳои миллии онҳо ҳамин нақшро бозидааст. Барои русҳо муқаддасоти православӣ ва арзишҳои мардумии рус айни як чизанд. Сарвати миллӣ барои онҳо сарвати динӣ ҳисоб мешавад, гузаштагони дурандеши онҳо ба тафаккури динияшон ҷилои миллӣ бахшидаанд, аносири бештари онро хусусияти миллӣ додаанд, ки ба вуҷуди мушкилоташ ин ойин барои онҳо самараи мусбӣ медиҳад. Калисои православии рус фақат чанд соле пеш баъди гузаштани қариб ҳафтод сол аз марги қаҳрамондухтари ин миллат Зоя Космодемянская ба ӯ мартабаи баланди динӣ «шаҳиди муқаддас»-ро дод, зеро дар пайи таъсири идеологияи замони Шӯравӣ дар вақташ ин корро натавониста буд. Вақте ин қаҳрамондухтар аъзои комсомол ва ба рисолати Исои Масеҳ шояд боварӣ ҳам надошт. Ин амалро калисои православӣ дар нисбати адмирал Ушаков ҳам анҷом додааст. Ҳамин тариқ, ин мазоҳиб аз матни зиндагӣ ва талаботи миллаташон барканда нестанд ва хеле аносири худро миллӣ кардаанд. Онҳо дар баробари меҳри худованд ба пайравонашон муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба миллат, ба кишвар ва анъаноти миллияшонро парвариш медиҳанд. Чунин мисолҳоро дар ҳаёти диндории мардуми Туркия, ки бо мо тоҷикон ҳаммазҳаб мебошанд, низ мушоҳида кардан мумкин аст. Имрӯз яке аз омилҳои амнияти фарҳангӣ, суботи иҷтимоӣ, тараққиёт ва пешрафти ин миллатҳо аз ҳамин нукта, яъне аз устувории худшиносӣ ва худогоҳии миллияшон дар атрофи манфиатҳои давлатияшон маншаъ мегирад. Маҳз ҳамин масоилро Сарвари давлати мо, Пешвои миллат ба назар гирифта, дар Паёми имсолаашон бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конуни Маркази тамаддуни ориёиро пешниҳод намуданд, ки он пеш аз ҳама барои эҳё ва мустаҳкамсозии шуури таърихии миллии мо равона шудааст ва он мояи ифтихору дастгирӣ мебошад.

Ғаффор Мирзоев, д.и.ф., муаллими кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ