Skip to main content
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба мардуми кишварамон ироа гардид, ҳамчун дурнамо баҳри гулгулшукуфии минбаъдаи Ватани маҳбубамон, алалхусус баҳри пешрафти илму иқтисодёт маънидод мегардад.

Президенти кишвар дар Паёми имсолаашон аз руйдодҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муддати соли 2025 ба вуқуф пайвастанд, ёдовар шуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Инчунин, бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Он ҳам боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Чи тавре, ки дар Паём оврда шуд, тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.

Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Аз Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон мардуми шарифи кишварамон огоҳ гаштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ намуда, дар соли сипаригашта ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ба беш аз 173 миллиард сомонӣ расонида, суръати рушди воқеии онро ба 8,4 фоиз ва дар соли 2026 онро ба ҳисоби миёна на камтар аз 8 фоиз бояд таъмин намуд.

Президенти кишвар дар робита ба масъалаҳои илму маориф иброз намуданд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад. Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват намуданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ бояд васеъ муаррифӣ намоянд. Қайд гардид, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Дар Паёми Сарвари давлат гуфта гузаштанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.

Президенти мамлакат дар Паём қайд намуданд, ки вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.

Президенти мамлакат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

Дар Паёми имсола қайд гардид, ки соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуда буд, ки аз он замон шаш сол сипарӣ гардид. Бинобар ин ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти мамлакат қайд намуданд, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид. Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан, дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карда истодаанд. Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзон, деҳқонон, мутахассисони соҳа ва аҳолӣ, ки бо заҳмати содиқонаву ватандӯстона ва истифодаи оқилонаи обу замин маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол мекунанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид. Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафарро ташкил дода буд.

Итминон дорам, ки бо дарназардошти чунин шароити ногувор кишоварзони мамлакат боз ҳам бештар заҳмат кашида, бо истифодаи самаранок аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла обу замин ҳосили фаровон мерӯёнанд ва амнияти озуқавории кишварро таъмин менамоянд.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки дарёфти роҳҳои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз нигоҳи экологӣ тоза, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, ба даст овардани навъҳои серҳосилу ба касалиҳо бовар тақозои имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ба шумор мераванд.

Зарур ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола ҷиҳати беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар фармуданд, ки аз якуми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад ва ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар фаранҷоми Паёмашон Президенти мамлакат қайд намуданд, ки итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Имрӯзҳо олимони Шуъбаи биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, дар раванди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастоварҳои илмӣ, ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ сайъу кушиш намуда истодаанд.

Мувофиқи пешгӯйи олимон то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин имкон дорад, ки 30 - 50С боло равад. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Бояд зикр намуд, ки яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин дар оянда баҳри дастрасӣ ба амнияти озӯқаворӣ пеш аз ҳама месазад, ки ба таҳқиқотҳои нави илмӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва генетикӣ дар кишварамон диққати аввалиндараҷа бояд дод. Аз ин сабаб олимони АМИТ баҳри тақвият бахшидани таҳқиқотҳои иноватсионии илмӣ дар бахшҳои генетика, селекция ва биотехнология ҳоло дар нақшаи корҳои илмии солҳои 2026-2030 ҷустуҷӯйҳои навро дар нақша доранд.

Олимони олимони Шуъбаи биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар муддати соли сипаригашта, тавассути дастгирии доимии Президенти кишвар тавонистаанд, ки ду навъи зироатҳои ғалладонагӣ ва ду навъи картошкаро ба деҳқонони кишвар пешкаш намоянд, ки онҳо хело серҳосил мебошанд ва онҳо ҳоло дар майдони бештар аз панҷ ҳазор гектар парвариш мегарданд. Инчунин ба олимони АМИТ имсол муясар гардид, ки дар кишвар бори аввал қаҳваи ватаниро дар ҳамкорӣ бо олимони Россия аз растании чарчақӣ (сикорий) истеҳсол намоянд, ки барои саломатии инсон хело фоидаовар ба шумор меравад. Инчунин олимон таи солҳои охир баҳри тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ дар бахшҳои генетика ва селексияи растаниҳо ва истифодаи самараноки гуногуншаклӣ ва тағирпазирии гуногунии биологӣ, аз рӯи чунин нишонаҳои ирсии зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди тезпазӣ, устворӣ ба хушкӣ, ба шӯрии хок, ба ҳашароту касалиҳо, инчунин маҳсулнокии баланди растаниҳо дар ҳолати тағирёбии иқлим дар кураи Замин аз мавзӯҳои мубрами тадқиқотҳои онҳо ба шумор мераванд.

Барои мутобиқ гаштан ба тағйирёбии глобалии иқлим ва паст намудани таъсири манфии он ба соҳаи кишоварзӣ, ба олимони тоҷик зарур аст, ки дурнамои таҳқиқотҳои илмиро дар муддати солҳои 2026-2030 тақвият бахшида, баҳри ба даст овардани навъу тухмиҳои ояндадори зироатҳои кишоварзӣ, ки аломатҳои ирсии тезпазӣ, устуворӣ ба касаливу шӯрии хок, камталабӣ ба об ва серҳосилиро доро бошанд, дар корҳои илмӣ ба роҳ монанд, ки онҳо аз Пайёми имсолаи Президенти мамлакат бармеоянд ва дар таъмини амнияти озӯқавории кишвар нақши амалиро мебозанд.

Мирзораҳимзода А. - ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои биология, Партоев Қ. - доктори илмҳои кишоварзӣ