9 июли соли равон ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хатии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳои қадим, ки дорои аҳамияти илмиву таърихӣ мебошанд, эҳдо гардид. Ин коллексияи беназир аз ҷониби Очилова Меҳриннисо, д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ба Марказ тақдим шуд.
Дар маросими эҳдои китобҳои мазкур, ки дар толори Маркази мероси хаттӣ баргузор гардид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маъмурияти Марказ ва бону Меҳринисо Очилова ширкат намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо қадрдонӣ аз иқдоми мазкур гуфт, ки кори анҷомдодаи профессор Меҳринисо Очилова бисёр арзишманд, омӯзанда ва қобили таҳсин мебошад. Чунин иқдом дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва бақои мероси гаронбаҳои хаттии халқи тоҷик нақши муассир мегузорад. Президенти Академияи миллии илмҳо афзуд, ки ин иқдоми волои хонум Очилова Меҳриннисо ва эҳсоси баланди масъулияти фарҳангии эшонро намунаи арзандаи эҳё ва нигаҳдории мероси хаттии миллӣ медонад. Эҳдои чунин коллексияи арзишманд на танҳо барои ғанӣ сохтани ганҷинаҳои илмии кишвар, балки барои рушди таҳқиқотҳои хатшиносӣ, матншиносӣ ва таърихи илм дар Тоҷикистон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Директори Марказ н.и.т. Раҳматкарими Давлат иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои Маркази мероси хаттӣ тибқи салоҳиятҳои оинномавӣ ва таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат мабни бар “Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои нодири хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад”, ҳамин ҷамъоварӣ ва тармиму ҳифзи мероси хаттӣ мебошад.
Ин нусхаҳо, ки дар давоми чанд насл аз ҷониби падарону бобоёни ин хонум гиромӣ дошта ва бо эҳтиром нигаҳдорӣ шудаанд, акнун бо ирода ва эҳсоси баланди фарҳангии профессор Очилова ба Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев вогузор гардиданд, то дар хазинаи мероси хаттии миллат сабт ёфта, аз онҳо барои омӯзиши таърихи илм, забон, адабиёт ва фарҳанг вориди феҳристи умумӣ шаванд ва истифода гардад.
Коллексияи эҳдошуда аз китобҳо ва дастнависҳое иборат аст, ки аксаран ба асрҳои XIX ва аввали асри XX мансубанд. Дар байни онҳо нусхаҳои чопи сангии китобҳои адабӣ ва ахлоқӣ, тибб, фиқҳӣ, дарсӣ, луғатномаҳо дучор мешаванд, ки дар марказҳову нашриётҳои маъруфи чопи сангӣ, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қазон, Лоҳур, Ҳинд ва Теҳрон нашр гардидаанд.
Аз ҷумла, “Махзан-ул-адвия”, аз китобҳои муҳим дар мавриди доруҳо ва вожагони пизишкии суннатӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки дар қарни 12 ҳиҷрӣ навишта шуда ва муаллифи он Муҳаммад Ҳусайн Ақилӣ Хуросонӣ пизишки номдор аст. “Ғиёс-ул-луғот” навиштаи Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Роҳпурӣ ва “Мунтахаб-ул-луғот”-и Абдуррашид Ҳусайнӣ аз зумраи ин нусхаҳои нодир мебошад. Бархе аз ин нусхаҳо бо зеботарин намунаҳои хаттотӣ, ҳошиянависӣ ва истифодаи муҳаррароти анъанавӣ оро ёфтаанд.
Нусхаҳои дастхат, ки шумораи онҳо низ қобили таваҷҷуҳ аст, дорои арзиши хосанд. Аксари онҳо бо хатти настаълиқ, шикаста ва насх ба зебоии хос сабт шудаанд. Мавзуоти онҳо гуногун буда, аз адабиёти классикӣ то илмҳои динӣ ва луғату шеърро фаро мегиранд. Дар баъзе нусхаҳо ёддоштҳои соҳибони нусха, муҳаррир ё омӯзгори гузашта дида мешавад, ки ба арзиши таърихии онҳо меафзояд.
Марказ ният дорад, ки коллексияи эҳдошударо пурра рӯйхат ва тавсиф намуда, дар феҳристҳои махсус ворид намояд ва ба муҳаққиқон муаррифӣ кунад. Ҳамзамон, дар оянда як намоиши вижаи китобҳои эҳдошудаи хонум Очилова М. дар доираи як чорабинии фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ин иқдоми фарҳангии д.и.ф. профессор Очилова Меҳриннисо намунаи равшани иртиботи наслҳо, ҳифзи мероси аҷдодӣ ва эҳёи арзишҳои милливу маънавии мост. Маркази мероси хаттӣ бо камоли эҳтиром изҳори сипос намуда, умедвор аст, ки чунин ибтикор дар ҷомеа фарҳанги эҳдо ва ҳифзи меросро бештар густариш хоҳад дод.