(с.1941-1945)
Имсол ба Ғалабаи бузурги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) бар фашизми гитлерӣ 80 сол пур мешавад. Ғалаба дар ин чанги хунин ба осонӣ ба даст наомадааст. Чанг 1418 шабонарӯз давом карда, зиёда аз 26,6 миллион нафар одамони советӣ ҳалок гардиданд. Мувофиқи маълумоте, ки дар бойгониҳо махфуз аст, дар солхои ҷанг 1710 шаҳру посёлка ва зиёда аз 70 ҳазор деҳа хароб шудааст, 31850 заводу фабрика ва дигар корхонаҳои саноатӣ, 98000 колхоз, 1876 совхоз, 2890 истгоҳи мошину тракторҳо ва бисёр дигар корхонаю биноҳои истиқоматии шаҳрвандони СССР пурра ё кисман вайрон ва ғорат карда шуданд [6].
Рӯзи Ғалаба яке аз он санаҳои фаромӯшнашаванда аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 №753 ҳамасола 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад [7]. Ин барои тамоми башарият, аз чумла мо, точикон азизу шарафманд аст. Ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат карда, дар аризаи худ омодагии худро барои рафтан ба ҷабҳа изҳор доштанд. То ибтидои соли 1942 дар тамоми ҷумҳурӣ аз ихтиёриён 5857 ариза қабул карда шуд. Дар солҳои минбаъда омадани аризаҳо катъ нагардид. Дар маҷмуъ, зиёда аз 10 ҳазор нафари онҳо дар солҳои ҷанг ба ҳайси ихтиёрӣ ба ҷабҳа фиристода шудаанд [3]. Шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил дод. Онҳо дар сангарҳо диловарона чангида, аз худ корнамоиҳои бузург нишон дода, Ватан, шаъну шарафи халқи худро мухофизат намуданд ва зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок гардиданд. Аз ин шумора 54 нафар ҳамватанони мо сазовори унвони олии фахрии Ватан – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардида, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд [6].
Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов ва бисёр дигар аскарони тоҷик ҳастанд, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳимояи Ватан қаҳрамонӣ нишон додаанд [7].
Яке аз аввалин чорабиниҳо дар давраи ҷанг таълим додани шаҳрвандон ба корҳои ҳарбӣ буд. Танҳо дар соли аввали ҷанг дар ҷумҳурӣ 3330 нафар корманд, 2000 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 5000 нафар фармондеҳон тайёр карда шуданд [9, 302].
Ба ҷумҳурӣ ду мактаби ҳарбӣ кучонида оварда шуд, ду мактаби махсуси харбӣ сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони аз ҷумҳурӣ даъватшуда пурра карданд. Минбаъд дастпарварони ин мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо дар ҷабҳаҳои Чанги Бузурги Ватанӣ тайёрии аълои чангӣ нишон дода, дар ичрои супоришҳои ҷангӣ мардонагӣ ва каҳрамонии бемисл нишон доданд.
Бо фармони Комиссариати Халқии Мудофиаи СССР дар мохи августи соли 1941 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бригадаҳои алоҳидаи 98-ум ва 99-уми тирандозӣ ва дивизияи 104-уми савора ташкил карда шавад. Аз ҳисоби захираҳои ҷумҳурӣ ба ҷузъу томҳои ҳарбӣ 3365 автомашина, 105 трактор ва 19 ҳазор асп ҷудо карда шуд. Баъдтар дивизияи 61-уми савора ташкил карда шуд. Дар ҷузутомҳо ва қисмҳои миллӣ саҳми киёсии намояндагони миллатҳои маҳаллӣ аз 40 то 80 фоизро ташкил дод.
Фиристодагони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ худро ҳамчун ҷанговарони далер ва диловар нишон доданд. Дар байни муҳофизони қалъаи Брест тоҷикписар Г. Нуров низ буд, ки ҳамчун тӯпчӣ 23 июни соли 1941 дар муҳориба дар дарёи сархадии Прут танки фашистиро нобуд кард. Баъдтар вай ҳангоми муҳофизати Москва боз ду танкро нест кард; то охири ҷанг 10 танк ва тӯпҳои худгарди душманро торумор кард.
Боз як ҳамватани мо — М. Иброҳимов дар ибтидои ҷанг дар сарҳад корнамоии қаҳрамонона нишон дода, аз байни тоҷикон аввалин шуда моҳи августи соли 1941 бо ордени Ленин мукофотонида шуд [11, 31]. Сержант Ходӣ Кенҷаев дар муҳорибаҳои назди Лвов иштирок дошт. Вай тайёрии аълои харбӣ ва дониши аълои кори худро нишон дод. Дар ин ҷо ӯ аввалин мукофоти худ — медали «Барои шучоат» ва баъдтар дар муҳорибаҳои назди Курск сазовори унвони Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ҳазорон нафар фиристодагони Точикистон дар муҳорибаҳои назди Москва озмоиши ҷангӣ гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки дар байни онҳо мудири шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон академик А.М. Баҳоваддинов низ буд, ки дар таъмини амнияти конфронси байналмилалии Теҳрон (с.1943) иштирок дошт.
Дивизияи 20-уми ордени Байрақи Сурх ва ордени Лениндори кӯҳии савора, ки тахти сарпарастии Тоҷикистон фаъолият мекард, дар таърихи муҳорибаи Москва саҳифаи пуршараф сабт намуд.
Садҳо нафар фиристодагони тоҷик дар муҳорибаҳо барои Сталинград аз худ ҷонбозиҳо нишон доданд. Инак, рӯзе, вақте ки қариб 30 танки душман бо пулемётчиён дар сари зиреҳҳояшон ба тарафи ҷузутоми дивизия, ки дар он чанг 4 тӯпу 3 миномёт дошт, ҳаракат карданд, чанги нобаробар ва шадид ба амал омад. Тӯпҳо паи ҳам аз кор баромаданд. Вақте, ки тӯпи охирин хомуш шуд ва танкҳо пахш карданро давом медоданд, пас аскари қаторӣ Комил Пӯлотов бо як даста граната ба сӯи онҳо хазида, худро ба зери он партофт. Ба ӯ баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд.
Артиллеристони тоҷик И. Ҳамзаалиев ва Ҳ. Кенҷаев дар рӯзҳои аввали ҷанг дар муҳорибаҳои шадидтарин дар камонаки Курск аз худ қаҳрамонӣ нишон доданд. Онҳо дар қисмҳои гуногун хизмат карда, фидокории якхела нишон доданд: дар байни экипажҳо танҳо монда, ярадор шуда, то снаряди охирин бо танкҳои душман ҷангиданд, вале душманро аз мавзеъҳои худ гузаштан намонданд. Ҳарду моҳи сентябри соли 1943 ба унвони Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.
Полки 884-уми артиллерӣ тахти фармондеҳии майор Ш. Аҳмадҷонов дар муҳорибахои назди Харков корнамоӣ нишон дод. Дар байни озодкунандагони диловари шахри Вознесенски Украина командири дружина Матлубҷон Юсупов низ буд, ки баъди ҷанг ӯ ба унвони шаҳрванди фахрии ин шаҳр мушарраф гардид.
Дивизияҳои 20 ва 16-уми савора, ки тахти сарпарастии Тоҷикистон амал мекарданд, дар муҳорибаҳо дар убури дарёҳои Десна ва Днепр иштирок карданд. Ҳангоми убури дарёи Днепр фиристодагони Тоҷикистон аз худ ҷоннисорӣ карда, барои корнамоӣ дар ин ҷабҳа У. Яъқубов. С Турдиев, М. Панфилов, Х. Қосимов, Д. Азизов ва чанде дигарон бо ордени Ленин ва медали тиллоии Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонида шуданд. Моҳи октябри соли 1943 дар ҷабҳаи Волхов корнамоии абадзиндаи А. Матросовро узви комсомоли Тоҷикистон Тӯйчи Эрйигитов такрор карда, амбразураи бункери душманро бо баданаш пӯшонда буд.
Бисёр тоҷикон дар муҳорибаҳо барои озод кардани Белоруссия маҳорати баланди ҷангӣ ва мардонагӣ нишон доданд. Ҷанговарон ва командирони дивизияи савораи ордени Лениндори 17-уми гвардиявии Байраки Сурхдор, ки бо сарпарастии Точикистон амал мекарданд, дар убури дарёи Припят корнамоӣ нишон доданд ва се рӯз дар сохили рости он платсдармро нигоҳ дошта, баъд дар озод кардани шаҳрҳои Мозир ва Калинковичи иштирок карданд [11, 148]. Командири экипажи тӯпи тирандози 45 миллиметра С.Саитвалиев аз батареяи зиддитанкии полки тирандозии 350-уми дивизияи 96-уми тирандозии Гомел барои шуҷоати шахсӣ ва роҳбарии моҳиронаи ҷузутом бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 25 сентябри соли 1944 сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Нависанда Фотеҳ Ниёзӣ дар муҳорибаҳо барои озод намудани Белоруссия иштирок карда, баъдтар дар бораи партизанҳои белорус романи пуршукӯҳ навишт.
Фиристодагони ҷумҳурӣ барои озод кардани ҷумҳуриҳои назди Балтика қаҳрамонона мубориза бурданд. Собиқ деҳқони тоҷик, командири тӯпу батареяи гаубитсаи полки 213-ум Сафар Амиршоев дар хоки Литва ҷоннисориҳо карда буд. Барои корнамоиаш ба ӯ баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Ҷанговарони тоҷик дар амри аз фашистон озод намудани қаламрави СССР ва мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ фаъолона иштирок карданд. Исмат Шарифов ҳангоми убури дарёи Днестр ва ҷоннисорӣ дар муҳорибаҳо дар канори шаҳри Уман сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ҷанговарони тоҷик ҳангоми наздикшавӣ ба Берлин ва дар худи Берлин аз худ қаҳрамонии оммавӣ нишон доданд. Ордени «Шараф» дараҷаи якум ба тоҷикон Рӯзиев - барои дар дарвозаи Бранденбург афрохтани Байрақи Сурх ва Атоев - барои ҳуҷуми Рейхстаг дода шуд.
Хоҷагии ҳарбии Тоҷикистон бо назардошти сохтори саноатие, ки дар солҳои пеш аз чанг инкишоф ёфта буд, ба вуҷуд омад. Дар ҷумҳурӣ барои боз ҳам тараққӣ додани саноати сабук, хӯрокворӣ, саноати маҳаллӣ ва кооперативӣ, инчунин хеле зиёд кардани истеҳсоли ангишт, нефт ва металлҳои ранга ва камёб, ки барои саноати ҳарбӣ намерасид, заминаҳои зарурӣ муҳайё карда шуд. Корхонаҳои Тоҷикистон ба истеҳсоли гилзаҳо барои снаряд, мина ва гранатаҳои дастӣ шуруъ карданд. Ба далели якбора афзудани эҳтиёҷоти таъмини саноати дифоъ ба молибден, волфрам, сурма, мишяк, висмут, қалъагӣ ва дигар металлҳои нодиру ранга дар Тоҷикистон коркарди расмии конҳои заминии камёфт оғоз шуд.
Тоҷикистон корхонаҳои саноатиеро, ки аз ноҳияҳои ғарбии СССР эвакуатсия шуда буданд, дар хоки худ қабул ва ҷойгир кард. Ба ҷумҳурӣ таҷҳизот аз 13 корхона: заводи консерви Одесса, заводҳои равғани № 1-2 Вяземск, заводи равғани Валюйск, заводи равғани Полтава, заводи консерви Симферопол, заводи консерви Феодосия «Красный Перекоп» ва ғайра кӯчонида оварда шуданд [4].
Диққати асосӣ ба он соҳаҳои саноате, ки маҳсулоти онҳо бевосита барои таъминоти артиш меравад, — пахта, либос, чарму пойафзол, консерв, равғанкашӣ ва ғайра диққати асосӣ дода шуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбӣ ёрӣ расонда, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ ва яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Дар солҳои ҷанг халқи тоҷик ба ҷабҳа 151 қатора, 532,5 хазор адад либоси гарм, 123,8 ҳазор килограмм пашм, зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ ва дигар колаҳоро фиристод [2].
Онҳо ба резерви мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сум пул ва 40.750 пуд ғалла ҷамъоварӣ намуда, ба ҳисоби хоҷагӣ супурданд. Барои сохтмони колоннаи танкии «Колхози Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сум, барои колоннаи танкии «Чавонони Тоҷикистон» 405 миллион сум ва колоннаи танкии «Тоҷикистон» 405 миллион сум ва барои сохтмони эскадриляи «Тоҷикистони советӣ» 35,2 миллион сум чамъ карда шуд. [7].
Солҳо мегузаранд, вале Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с.1941-1945), корнамоиҳо, фидокорӣ ва қаҳрамонии бобою падарони мо ҳамеша дар хотираи мо боқӣ хоҳад монд, зеро «ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст». Ин Ғалаба бар артиши тавоно ва сартопой мусаллаҳи фашистони гитлерӣ ба шарофати ирода, матонат, фидокорӣ, садоқат, қаҳрамонӣ, дӯстӣ ва рафоқати зиёда аз сад миллат ва халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омад. Имрӯз мо ҳақ дорем, ки бо фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ, мардонагӣ ва фидокорӣ дар роҳи ба даст овардани Ғалабаи бузург фахр кунем. Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша ин қаҳрамонии беназирро гиромӣ дошта, наслҳои ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ тарбия намоянд. Боарзиштарин дарси Ҷанги Бузурги Ватанӣ зарурати таъмини сулҳу субот, дӯстии халқҳо ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.
Адабиёт:
1. Абдуллоев К. Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 // URL: https://www.vkd.tj/index. php/tj/az-ta-rikhi-militsiya/23490-sa-mi-khal-i-to-ik-dar-alabai-angi-buzurgi-vatanii-sol-oi-1941-1945 (Дата посещения 06.03.2025)
2. Баҳодурова Ф.Ю. Саҳми меҳнаткашони хоҷагии деҳоти шимоли Точикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Журнал «Муаррих», №1, 2023. - С.79-84
3. Гафуров А.М. Вклад Таджикистана в Великую Победу // URL: https://amit.tj/ru/vklad-tadzhikistana-v-velikuyu-pobedu (Дата посещения 04.04.2025).
4. История второй мировой войны. 1939-1945: в 12-ти томах. – Т.12. Итоги и уроки Второй мировой войны. - М.: Ордена Трудового Красного Знамени военное издательство министерства обороны СССР, 1982 – 488 с.
5. Исуфов Ш. В., Сайнаков С. П. Масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои соҳаи кишоварзии вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Журнал «Муаррих», №3, 2022. - С.104-111
6. Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон // URL: https://sputnik.tj/20190508/Rykhati-aramonoi-Ittiodi-Shrav-az-Toikiston-1028857333.html(Дата посещения 06.03.2025)
7. Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, № 753 // АМО ҶТ с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016, №5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11, мод.878
8. Масловский Л.П. Потери, нанесённые Германией с её союзниками народному хозяйству СССР // URL: https://zavtra.ru/blogs/poteri-nanesyonnyie-germaniej-s-eyo-soyuznikami-narodnomu-hozyajstvu-sssr (Дата посещения 06.03.2025)
9. Назаршоев Н.М. Военная история Таджикистана. Краткий очерк. / Н.М. Назаршоев. - Душанбе, 2002. – 573 с.
10. Одинаев Ш.И. Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). URL: https://avkd.tj/tg/khabarho/1467-sahmi-firistodagoni-tojikiston-dar-ta-mini-galaba-dar-jangi-buzurgi-vatani-1941-1945.html (Дата посещения 06.03.2025)
11.Сечкина Л.П. Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны (1941-1945 гг.) /Л. П. Сечкина; Отв. ред. Р. М. Масов. - Душанбе: Дониш, 1980. - 228 с.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ